Чоп

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рў ба рӯ шудаанд ва  терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар  боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати дунявӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.

 

 

Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд.

Ғайр аз муборизаи мусаллаҳона бо терроризм ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонад, таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир кард.

Дар ин ҷода ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир, мувофиқи мақсад мебошад.

Омӯзгори МТМУ 13: Ҷӯраев Элёр