Ҳар яки мо бар зидди терроризм мубориза барем.

Ҳар яки мо бар зидди терроризм мубориза барем.

Имрӯз ҳама мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ шукургузорӣ аз даргоҳи Эзид мекунад, ки дар чунин Ватани зебову беҳиштосо офаридаву дар фазои софу беғубои Тоҷикистони азиз умр ба сар мебаранд. Пас, месазад, ки ин Ватан-Модарро муқаддас донем. Мавлонои бузург низ фармудаанд:

Дар замини дигарон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун.

Аммо, чӣ тавре ки ҳамагон огоҳӣ дорем, алъон бархе аз нохалафу кӯрназарон ба ҳар гуна ақидаву амалҳои номатлуби ба миллати мо бегона гаравида, ба Ватане, ки барои мо модари азизу ғамхор мебошад, дасти хиёнат дароз мекунанд. Бехабар аз он, ки онҳо ба падару модар, хешу ақрабо ва оилаи худ хиёнат карда истодаанд. Ҳисси ватандӯстиву садоқат ба Ватан аз замирашон дур гардидааст.

Боиси таассуф он аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик низ фазои сулҳу ороми ватанро монда, ба «ҷиҳод» рафтаанд. Аҷибаш ин аст, ки наход куштани як инсоне, ки ягон зарареро аз ӯ надида бошӣ, қобили ҷиҳод бошад. Наход, кӯдаке, ки дар Сурия ё Ироқ таваллуд шудааст, гунаҳкор бошад?

Ҳар яки мо бар зидди терроризм мубориза барем ва мо бояд фарзандонро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намоем ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ кунем.

Сармутаххасиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи                 Ғ Туйчиев

дастгоҳи раиси ноҳия

 

Шаҳристон