Косалесони хоҷагони хориҷӣ

Чоп

Бо навиштани ин ибораҳо як нуктаро бояд қайд кард. Маҳз пешравиву ободии кишвари азизамон, сериву пурии дастархони мардум, хандаҳои беғаши кўдакон, илмомўзии насли ҷавони миллат, шукргузории пирони рўзгордида бо сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат танинандоз аст.

Аммо чунин рўзҳои хуши мардуми моро баъзе кўрнамакон нодида мегиранд. Аз кадом кунҷи хонаи хоҷагони хориҷиашон баромадҳои пучу бемаънӣ намуда, худро мусичаи бегуноҳ ҳисобида истодаанд. Агар дар узви онҳо як қатра хуни тоҷик буданаш ҷўш мезад, ақли солими худро ба кор андохта, ба роҳе, ки хоҷагони хориҷиашон хат кашидаанд, бо ҳамон роҳ намерафтанд. Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва чандин шарикони ў аз ҷумлаи чунин нохалафон ҳастанд, ки нону намаки Тоҷикистони азизро хўрдаву чашида имрўз ба намакдонаш туф карда истодаанд. Ҳайф аст ба Шумо хоинон, номи миллати тоҷик. Бо чунин кирдорҳои ноҷавонмардона худро кӣ меҳисобед? Ҷавоб фақат якто. Хоин. Хоин. Хоин. Мастона Каримова