Пешвои миллат-кафили сулҳу ваҳдат!

Чоп
Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў ба зумраи шахсони бадсиришт, ғаразнок, бетамкин ва хоини миллату кишвар ба шумор рафта, мехоҳанд, ки ба давлати созандаву бунёдкор ва ободу зебо бо ном Тоҷикистони биҳиштосо халале ворид гардад. Аммо имрўз ҷавонони боору номуси тоҷик ба суханҳои бардурўғи ин хонинони миллат фирефта нашуда, баҳри пешбурди кишвари маҳбубамон ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳар як рукни истиқлоли имрўзаи мо-фарҳанг, ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, заҳматпеша будан-ин натиҷаи ҳамон муҳаббатҳои маллатамон ба шумор меравад, ки дарвоқеъ таҷассумгари сифати асосии фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бо хатҳои заррин бояд навишт. Ҳамаи ин аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Корнамоиҳои ин абармарди бошуҷоъро дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста Муҳаммадиқболу Кабирӣ бо чашми ҳасад нигариста истодаанд. Оё худ намефаҳманд, ки худи онҳо хоинони миллатанд?!

Мо шукргузор аз он ҳастем, ки дар чунин давлати тинҷу ором ва ободу зебо осудаҳолона зиндагӣ намуда ва кору фаъолият намуда истодаем. Мо бо арҷгузорӣ ба корнамоиҳои Пешвои миллат баралло гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон-кафили сулҳу ваҳдати тоҷикон мебошад.

Мо бо шумоем Ҷаноби Олӣ!