Муаррифгари фарҳанг

Чоп

Муаррифгари фарҳанг

Санаи 12 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф намуданд.

Бо Президенти Фаронса Эмануел Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ  доир намуданд.

Баргузор гардидани маросими Намоишгоҳи нигораҳои таърихии «Тоҷикистон – кишвари рудҳои тиллоҳ», ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ -  Гимеи шаҳри Париж ва баргузории Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО боиси ифтихор ва сарбаландии мо тоҷикистониён мебошад. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо бори дигар гувоҳи онро дорад, ки мо миллати тамаддунсоз ва бофарҳанг ҳастем ва ташаббуси  Пешвои миллат фарҳанги мо дар ҷаҳон муарриф гардида истодааст.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                   С.Абдувоҳидова