Ворух пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист!

Чоп

Ворух пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист!

Мо тоҷику тоҷикистонӣ шукрона аз он мекунем, ки дар чунин Ватани зебову шукуфо ва тинҷу ором осудаҳолона зиндагӣ мекунем. Аммо имрўзҳо баъзе аз нохалафони мардуми қирғиз ба сарзамини деҳоти Ворухи шаҳри Исфара халал ворид намуда истодаанд. Мардуми шуҷоатманди тамоми минтақаҳои мамлакатамон аз ин кирдори нохалафонаи мардуми қирғиз бетараф нестанд ва ҳеҷ гоҳ ҳушёрию зиракиро аз даст нахоҳанд дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари навбатии худ ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ироа намуданд, ки «Мо бо иродаи мардуми Исфара ва нангу номуси сокинони деҳоти он ифтихор менамоем».

Шумо эй, шарафмандони ин шаҳри азим ифтихори мо ҳастед, ҳеҷ гоҳ фаромўш насозед, ки тамоми мардуми Тоҷикистон шуморо ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд.

Сокинони ноҳияи Шаҳристон низ ҳамеша бо шумо ва дастгири шумо ҳастанд.

Навгонихо ( 01.05.2021 08:24 )