Табрикоти

Чоп

миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол санаи 4 май дар ҷумҳуриамон Рўзи кормандони мақомоти андоз дар фазои тинҷиву осудагӣ таҷлил мегардад.

 

 

Мақомоти андоз зодаи даврони истиқлолият буда, таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва бо ин восита баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, давра ба давра баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз оғози даврони истиқлолият то ба имрўз мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад».

Боиси қаноатмандист, ки кормандони нозироти андози ноҳия вазифаи худро хуб дарк намуда, дар таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Пардохти андозҳо – нишонаи бофарҳангии ҷомеа мебошад. Кормандони нозироти андози ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида истодаанд. Натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ буд, ки сол аз сол маърифати андозсупории сокинони ноҳия боло рафта, сокинони ноҳия аҳамияти сариват пардохти андозро дар пешрафти ҷомеа хуб эҳсос мекунанд ва онро сари вақт ба буҷет пардохт менамоянд.

Чи хеле ки ба мо маълум аст, бо саъю талоши кормандони нозироти андози ноҳия дар чор моҳи соли 2021 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи 109,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 4823,3 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 5267,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 444,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Албатта, барзиёд иҷрошавии нақшаи андоз боиси вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Боиси қайд аст, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 136 адад иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрўз 101 иншоотҳо мавриди истифода қарор дода шудааст, ки дар ин иқдоми созанда саҳми кормандони нозироти андоз низ назаррас мебошад.

Боварии комил дорам, ки минбаъд низ кормандони нозироти андози ноҳия бо ифтихори баланди миллӣ масъулияти худро дучанд намуда, дар ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллии ноҳия саҳми худро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи кормандони нозироти андози ноҳияро бо рўзи касбиашон табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаашон тансиҳативу хонаободӣ ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташон дар таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ барору комёбиҳо таманно дорам.

Ид муборак кормандони мақомоти андоз!

Навгонихо ( 12.05.2021 13:52 )