Терроризм- таҳдид ба суботи рӯзгор аст

Чоп

 

 

Вазъи ҷаҳони кунунӣ бо далелҳое, ки ҷой доранд баёнгари он аст, ки набардҳо дар тақсимоту ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои кишварҳои абарқудрат хеле ҳам тезутунд шудааст. Ҳанӯз ҳам наврасону ҷавонон чун нерӯи осебпазир боқӣ мемонанд, зеро онҳо дар синну соли ҷавонӣ мехоҳанд хостаҳо ва орзуҳояшон ҳарчи зудтар ҷомаи амал пӯшад, аз нигоҳ моддӣ таъмин бошанд. Ин масъалаи ҳассос дар мадди назари нерӯҳои террористӣ ва ифротгаро буда, ба чунин гурӯҳи наврасону ҷавонони орзупарасту хаёлпараст «дасти кӯмак» дароз мекунанд. Ин масъалаи муҳими ҳаёти дар назди ҷомеа, мактаб ва мо-омӯзгорон, вазифаҳо ва масъулияти бузургеро гузоштааст. Зеро аҳамияти ҷидди додан ба раванди тарбия ва таълими насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди реша давонидани падидаҳои нанговар-терроризм ва ифротгарои дар ҷомеа мебошад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа дониста мешаванд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намояд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна аҳзобу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

 

 

Коргузори ЛКСК-и н.Шаҳристон

Зоидова Ирода