ТАБРИКОТИ
Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим
ба муносибати Иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазон ҳамчун моҳи хайру эҳсон, некиву накӯкорӣ, файзу баракот ва раҳмату мағфират ба охир расида, имрӯз мо дар фазои тинҷиву осудагӣ Иди саиди Фитрро таҷлил менамоем.
Иди Рамазон ифодагари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар мамлакати азизамон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фазилатҳои ин моҳи муборак ба маврид таъкид намудаанд: “Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад”.
Дар ин моҳи муборак амалҳои нек, хайру эҳсон, дастгирии якдигар ба ятимону маъюбон, камбизоату дармондагон ва муҳтоҷон волотарин арзишҳои дини мубини Ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар моҳи шарифи Рамазон ҳар касе, ки бештар хайру эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагону муҳтоҷон аз фазилати Ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст ва ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ яке аз фазилатҳои дини мубини ислом мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир маърифати шаҳрвандон нисбати анҷом додани амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсонӣ дониста шудааст, боло рафта, эҳсонкорӣ дар ноҳия ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Боиси қаноатмандист, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон озодии виҷдон ва эътиқод таъмин буда, мардум ба масҷид барои тоату ибодат ва гирифтани ғизои маънавӣ меоянд ва мусулмонони асил дар ин макон ҷиҳати пешгирии ақидаву андешаҳои ифротгарона ва тундравона, намоишкорӣ, паҳншавии таассубу ҳурофот корбарӣ менамоянд.
Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиди хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.
Шумо аз вазъи мушкили ҷаҳони муосир огоҳ ҳастед ва медонем, ки ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро кӯшиш доранд, ки вазъи оромро ноором созанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар тарбияи дурусти фарзандон, насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан ҳиссагузор бошем.
Ман боварии комил дорам, ки мардуми шарафманди ноҳия ба қадри Ватани маҳбуби худ, ба қадри сулҳу субот ва осмони софу беғубори Тоҷикистон расида, дар таҳкими Ваҳдату Истиқлоли мамлакатамон саҳми арзандаи худро мегузоранд ва пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо фазли Худованди меҳрубон дар ҳама соҳаҳои хоҷагидорӣ, дар соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодиёт, саноат, илму маориф ва фарҳанг дастовардҳои арзишманд насиби ҳамагон гардад.
Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи мардуми ноҳияро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик намуда, аз даргоҳи Худованд барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Иди Рамазон муборак, ҳамдиёрони азиз!