АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБДОШТА ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР
Яек аз фазилатҳои Иди саиди Фитр ин анҷом додани амалҳои хайру савоб бахшиши гуноҳҳо, аёдати оилаҳои камбизоат, барҷомондагон, маъюбон ва пиронсолон мебошад.
Имрӯз аз тарафи Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим якчанд оилаҳои камбизоат ва маъюбдошта бахшида ба Иди саиди Фитр аёдат карда шуд.
Зимни сӯҳбат Раиси ноҳия қайд намуданд, ки ҳар яки шумо дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани шароити шумо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем.
Инчунин, аёдатшавандагон ба Раиси ноҳия миннатдорӣ баён намуда, барои сулҳу суботи кишвар дуои нек намуданд.