АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 03040-И ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

 

-АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 03040-И ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
08.09.2025 сол н.Шаҳристон
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон имрӯз дар қисми ҳарбии 03040-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдаралӣ Раҷабалӣ иштирок намуда, Афсарону Сарбозони қисми ҳарбиро бо ҷашни миллиамон табрик намуданд.
Пас аз қисми расмии чорабинӣ ба якчанд нафар роҳбарият ва сарбозон Сипоснома ва тӯҳфаҳо супорида шуд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ ва дастархони идона ороста шуд.