МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ ДАР ДЕҲАИ НАВКЕНТ

Чоп

v

 

-МАРОСИМИ ГУЛЧАМБАРГУЗОРӢ ДАР ДЕҲАИ НАВКЕНТ
08.05.2026 сол н.Шаҳристон
Санаи 7 майи соли 2026 дар майдони Модари мотамсарои деҳаи Навкент маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ бахшида ба 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал, фаъолону собиқадорон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст иштирокдорон дар назди ёдгории шаҳидон ҷамъ омада, бо гузоштани гулчанбар ва гулдастаҳо хотираи неки қурбониёни ҷанг ва фарзандони шуҷои Ватанро гиромӣ доштанд. Зикр гардид, ки корнамоиҳои қаҳрамонони ҷанг дар роҳи ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардум ҳаргиз аз хотираҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим зимни суханронӣ тамоми иштирокчиёнро ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба табрик намуда, таъкид карданд, ки эҳтиром ба собиқадорону иштирокчиёни ҷанг ва пос доштани хотираи шаҳидон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳамчунин иброз гардид, ки ҷасорату матонати иштирокчиёни ҷанг барои насли ҷавон намунаи ибрат буда, ҳисси ватандӯстиву худшиносиро таҳким мебахшад.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва ҷанговарони байналмилал доир ба аҳамияти сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дӯст доштани Ватан андешаронӣ намуданд.
Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои эҳтиром, қадршиносӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳия.