МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

Чоп

 

-МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН
09.05.2026 сол н.Шаҳристон
Имрӯз дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ маросими савгандёдкунии 26 нафар наваскарони қисми ҳарбии 03040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим, муовини сардори гарнизон оид ба корҳои ҳуқуқӣ полковник Шарифзода Зариф, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозон, падару модарон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Маросим бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, наваскарон бо эҳсоси баланди масъулият ва садоқат ба Ватан назди Парчами давлатӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Зимни суханронӣ масъулин таъкид намуданд, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонмарди ватандӯст мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба давлату миллат ба ҳисоб меравад. Иброз гардид, ки ҷавонони имрӯза ҳамчун муҳофизони марзу буми кишвар вазифадоранд, ки баҳри ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва амнияти мамлакат софдилона хизмат намоянд.
Ҳамчунин, волидони наваскарон аз фароҳам будани шароити мусоиди хизмат дар қисми ҳарбӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фарзандони худ барои хизмати содиқона барору муваффақият орзу карданд.