Ба қадри осудагӣ бирасем

Ба қадри осудагӣ бирасем

Имрӯз кишвари мо бо осудагиву хушманзарагиву зебоӣ, ободиву гулпӯшаш байни мамолики ҷаҳон маъруфият дорад. Афсӯс солҳои охир падидаи номатлуб, аз ҷумлаи гурӯҳҳои ифротӣ дар бархе кишварҳо амалҳои террористӣ анҷом дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ки аз ин кишвари мо низ эмин нест.

Барои ифротиву террорист, ба оне, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, кӯрнамаки мекунанду нияташ халалдор кардани оромии кишвар мебошад.

Имрӯз баъзе гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла зумраи хоинони Ватан тариқи сомонаҳои интернетӣ мақсадҳои ғаразноки худро таблиғ карда истодаанд, онҳо ин пешравиву ободии мамлакати биҳиштосои моро дида наметавонад. Бахусус ба ҷавонони ояндасози миллат мехоҳанд таъсири худро расонида бошанд. Аммо ба ҳама маълум аст, ки нияти бад, мақсади нопок ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад ва ба мақсад намерасад.

Муҳиддин Кабирӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ мехоҳад бо ҳар гуна бӯҳтону туҳматҳои беасоси худ ба мафкураи мардум таъсир расонад ва ниятҳои нопоки худ ва хоҷагонашро амалӣ гардонад. То ба кай Кабирӣ ва наҳзатиён намефаҳмида бошанд, ки имрӯз халқи ватанпарвари тоҷик ба бӯҳтону дурӯғҳои онҳо боварӣ надоранд, то ҳол онҳо дарк намекунанд, ки дар Тоҷикистони азизамон ватандӯстон зиёданд. Ҳангоме, ки дурӯғҳои ифротгароёнро мебинанд, бетарафӣ зоҳир накарда андешаҳои солими худро иброз медоранд, ба суханони пучу беасос, ки аз тарафи нохалафон, хоинон гуфта мешавад фирефта нашуда баҳри созандагию ободии Ватани азизи худ камари ҳиммат мебанданд. Чунки Истиқлолият ба мадуми тоҷик ба осони дастрас нашудааст, бинобар ин ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки мо дорем бояд расид ва онро аз чашмони бадбини душманони миллату Ватан эҳтиёт кунем.

Каримова Мастона

 

Шаҳристон