ИФРОТГАРО ХАТАР БА АМНИЯТИ КИШВАР

ИФРОТГАРО ХАТАР БА АМНИЯТИ КИШВАР

Яке аз масаъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад.

Ифротгароӣ дар мазҳабу динҳо ва масаълаҳои иҷтимоӣ худро ошкор мекунад.

Ифротгароён аз норасоиҳои ҷамъият истифода бурда, ба роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки хешро ирсол медоранд.

Онҳо бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон гурӯҳи ҷавононро ба тарафдории хеш ҷалб намуда истодаанд. Аҷдоди мо тоҷикон, бо фарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд. Имрӯз мо бояд насли наврасро дар руҳияти ватандӯсти, хештаншиносоӣ, худогоҳӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем. Соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаоакатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеоранд.

Ҷавонон бояд дар ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз, амнияти давлат ва ваҳдати миллиро ҳимоя ва худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, монанди ифротгароӣ ва терроризм эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд.

Гарчанд мубориза бо терроризм-экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандони низ зарур аст.

Барои ин ҳар яки моро лозим аст, ки ҷавононро бобати масъалаҳои мазкур эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар диққат диҳем. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм ва равияҳои номатлуб бедор намоем.

Ҷӯраев Хусрав

 

Шаҳристон