ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ВА ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ.

ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ВА ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ҳарор мегиранд. Бояд сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо таҳлилу таҳқӣқ ва баррасӣ шаванд. Сабаби рух додани ин ҳодисаҳо пеш аз ҳама, дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи волидон ба мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бачаҳо беназорат монда дар машғулияту дарсҳо ширкат намеварзанд ва рӯ ба корҳои ношоиста меоранд. Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таьсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд ва бе шуғли муайян ва касбу кор мемонанд. Одам аз бекорӣ ба ҳар кор даст мезанад. Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ касбу коре ё шуғле дошта бошад. Ҷавононе ҳастанд, ки аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд. Баъзе аз онҳо ба наъшамандӣ мубтало гардида ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамроҳ мегарданд. Мо калонсолон бояд ҳамаи чораҳоро андешем, то ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем.

Вазифаи муқаддаси ҳар як волидайн ва омӯзгору ҷомеа дар Тоҷикистон ин аст, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва марзу буми Ватани азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, мубориз бошанд. Ба ҷавонону наврасон ҳамеша бояд таъкид кунем, ки фирефтаи дастиҳои гурӯҳҳои ифротгариву манфиаталаб нашавнд ва ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо накунанд.

Каримов Зоирҷон

 

Шаҳристон