ҶОМЕА БАР ЗИДДИ ВАТАНФУРӮШОН

ҶОМЕА БАР ЗИДДИ ВАТАНФУРӮШОН

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки ТТЭ ҲНИ-ро аз ҳар ҷиҳат пуштбонӣ менамояд. Бояд қайд кард, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шудааст.

Роҳбари ин ҳаракати тундгарову экстремистӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати худ дар чорабиниҳои САҲА таҷрибаи бузурги хоинии хеш, афкори экстремистии худро муаррифи намояд.

Ҳар сол агар шумо дар Ҷаласаи САҲА чун ангушти шашум иштирок мекунед ва обрӯю миллатро ба хости хориҷаҳо мерезонад.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки дар кишвари мо мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вуҷуд дорад, аммо барои як инсони солимақл фаҳмост, ки пешравии ҷомеа кори ботадриҷ аст. Барои ин вақт ва барномаи мушаххаси рушд лозим аст.

Талаботе, ки ТТЭ ҲНИ дар ҷаласаи САҲА ҳар сол пеш мегузоранд, на дар доираи вақти муайян аст ва на дар заминаи барномаи рушд. Шахс ё гурӯҳе, ки ин ду талабот, яъне вақт ва барномаро сарфи назар мекунад, бо чӣ роҳи дигаре метавонад вазъиятро тағйир диҳад ва мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеаро ислоҳ созад?

Омӯзгорони МТМУ № 21 

 

Шаҳристон