Моро наметавон бишкаст.

Моро наметавон бишкаст.

Ватан сар мешавад аз остона. Ватан сар мешавад аз оғӯши гарми модар. Пас чи тавр метавон нисбат ба Ватан хиёнат намоӣ? Мутассифона, шахсони нобакор ҳастан, ки нисбат ба Ватан, модар, зодгоҳи хеш, ки пойгоҳи авлод аст, чунин носипосанд.

Мо фарзандони бо нангу номуси кишвар он бесариҳоро, ки дар кишвар солои навадум рух доданд , дар хотир дорем. Барои дастрасӣ ба як бурида нон мардум то дергоҳ назди мағозаҳои дарбаста нигарони нақлиёти нонкашонӣ менишастанд.

Бо мурури замон аз он рӯзҳои тира ба рӯшноӣ расида, соҳибистиқлол гардидем. Дар он давра хизби назҳати ислом дар кишварамон расман фаъолият дошт ва дар баробари ҳизбҳои дигар дар интихобот иштирок кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти ҳизб шароит муҳайё сохт. Вале аъзои хизб ба қавле, нонро пеши по заданд. Онҳо минбад фаъорлиятисозандагӣ неву фитнаангезиву вайронкориро пеша карданд. Вале сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи дуруст ва бебозгашт аст. Таърихи навини тоҷикон бори дигар собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хиради бузург ва нерӯи солиму тавоно мебошад. Халқи ватандӯсту меҳанпарвари мо метавонад роҳи ҳамагуна моҷароро бигирад

Моро дасисабозиҳои хоинони миллат наметавонад фирефта сохта бишканад. Мо қувваи бузургем, дӯстдори Ватану миллати хеш ҳастем.

Терроризми байналмилалӣ ба як чузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтааст.

21 майи соли 2019 Асосгузори сулху вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар расми ифтитохи чаласаи 46-уми Шӯрои рохбарони макомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатхои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил иштирок ва суханронц намуданд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар огоз ба рохбарияти кишвархои ИДМ барои хамкорӣ ва сахми муносиб дар тахкими амнияту суботи давлатхои хамдигар изхори сипосу миннатдорӣ карданд.

Тавре таъкидгардид,чаласаи роҳбарони макомотӣ амниятӣ ва хадамоти масуси давлатҳои аъзои Иттиходи Давлатҳои Мустақил дар шароит нихоят мураккаби авзои сиёсию амниятии минтақавию байналмилалӣ баргузор гардид ва рушду тавсеаи бештари хамкориҳои давлатхои аъзои ИДМ-ро дар самти таъмини амнияту суботи минтака такозо менамояд.

Бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсию амниятии Афгонистон ва кишвархои Шарқи наздик Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд,ки мутаассифона, терроризми

байналмилалӣ ба як чузъи бозихои геополитикӣ табдил ёфта,торафт доираи бештари давлатхои гуногунро фаро мегирад. Дар хамин замина, дар сархади ҷанубии ИДМ мунтазам иқтидори ташкилоту созмонхои террористию экстремистӣ тахким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст,ки дар баробари ин дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз чониби кишвархои алоҳида сиёсати «меъёрҳои дугона»истифода мегардад ва онхо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва моддиву молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон таъкид намуданд, фаъол гардидани гуруҳҳои террористӣ дар солхои охир ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва дар мачмуъ, ба амнияти чахонии таъсири номатлуб расонида,чомеъаи башариро ба хатарҳои маргбор рӯ ба рӯ мегардонад.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Точикистон бо Афгонистон, ки марзи чанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад, афсоишёбанда мебошад ва барои пешгирии аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста,кӯмаку дастгирии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонад.Яъне Точикистон дар хатти пеши мубориза ба терроризму чинояткории мутташаккили фаромилли қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Саврвари давлат доир ба муҳимияти тадбирҳои Точикистон дар мубориза бо терроризму экстремизму байналмилалӣ, чиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухадир сухан гуфта, таъкид доштанд, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши амалҳои таҳрибкоронаи гурӯҳҳои терористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетию чиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши гайриқонуни маводи мухаддир,ки яке аз манбаъҳои асосии маблаггузории терроризм бори дигар изҳори нигаронӣ намуда,аз иштирокчиёни чаласа барои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти муборизаи беамон дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд,ки роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ минбаъд низ барои таҳкими иқтидору имкониятҳои зидди терористию экстремистӣ ҳамбастагию дастгирии ҳамдигариро тақвият бахшида,бо истифода аз имконоту иқтидор дар таъмини амнияту суботи минтақа ва давлатҳои ИДМ саҳми муносиб мегузоранд.

Кормандони тандурусти ноҳия

 

Шаҳристон