РЕШАХОИ ИФРОТГАРОИ ДАР ТАФАККУРИ НОСОЛИМ АСТ.

РЕШАХОИ ИФРОТГАРОИ ДАР ТАФАККУРИ НОСОЛИМ АСТ.

Дар муосир ҷомеаи орому осоиштаи моро гоҳо ду ҳодисаи номатлуб халалдор месозад: яке - ба амалҳои беҳудаю зараровар (аз қабили қиморбозӣ ва наъшамандӣ) одат кардан, дигаре ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш.

Ин зуҳуроти нохуш ки оқибати он танҳо пушаймониву бадномист, ба фикри мо, чандин сабаб дорад.Сабаби аввал бекорӣ, аз кору захмат гурехтан ва ҷустани рохи осону беранҷи зиндагист.

Онҳое, ки роҳи сабуку безаҳмати зиндагиро меҷӯянд, аввалтар аз ҳама, ба номи шарифу мубораки инсон иснод меоваранд ва баъдан, дар ҷомеа бетартибию беинтизомӣ ва бесарусомонӣ эҷод мекунанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ифротгароӣ – экстремизм, фундаментализм – бунёдгароӣ ва тундгароӣ – радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудаи кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.

Бӯстонӣ Мӯъминҷон

 

Шаҳристон