Муаммои ҷиддитарин замона

Муаммои ҷиддитарин замона

Чуноне аз расонаҳои ахбори дунё иттилоъ дорем, тайи чанд соли охир бархе давлатҳои ҷаҳонро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон медиҳад, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист.

Ин амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо номи Давлати исломӣ баромад мекунад, бо номи Ислом танҳо иснод оварда истодаанд. Мардуми ҷаҳон аз давраҳои қадим то ба имрӯз танҳо барои рӯзгори осудаву тинҷ саъйу талош меварзанд. Инсон дар кадом дин, миллат бошад, якдигарро бояд эҳтиром кунад. Ҳар дине, ки дар ҷаҳон ҳаст, мардумро ба тинҷию осоиштагӣ, ахлоқи хамидаи инсонӣ тарғибу ташвиқ мекунад, то ки якдигарро дӯст доранд бо ҳамдигар дӯсту бародар бошанд.

Аммо мутаассифона, аз дасти бархе гурӯҳҳои ифротгар вазъи дунё беш аз беш нотинҷтар шуда, дар аксар давлатҳои тараққикардаи дунё амалҳои террористӣ, таркишу кушторҳо аз ҳад зиёд шуда истодаанд. Дар паси ҳамаи ин амалҳои номатлубе, ки дар зери ниқоби дини ислом ба вуҷуд омада истодааст, шахсони мансабдоре ҳастанд, ки боиси марги ҳазорҳо нафар ва сабаби рехтани ашки модарон шуда истодаанд.

Имрӯз айёме фаро расидааст, ки новобаста аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардум, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон бояд ҳаммаром бошем.

Гулмуродова Ӯлмасой

 

Шаҳристон