ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

Имрӯз дар ҷаҳони муосир терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари ҷиддиро ба миён овардааст.

Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ дини исломро ба худ ниқоб намуда, ҳазорон ҷавононро дар ҳар манотиқи давлатҳо қурбони терроризм ва ифротгароӣ намуда истодаанд.

Гурӯҳҳои террористӣ аксар ҷавононро фирефта, ба сафҳои худ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳадафи шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои пешгирии он кӯшиш кунанд.

Бо терроризм имрӯз танҳо бо роҳи низомӣ ғалаба кардан ғайриимкон аст. Дар ин роҳ, дар маркази таваҷҷӯҳ ҳарор додани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот муҳим мебошад.

Бояд ба масъалаҳои муборизаи муштараки самаранок бар зидди кочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.

Азимова Д

 

Шаҳристон