Рӯзи ягонаи ахбор

Рӯзи ягонаи ахбор

Санаи 16-уми январи соли 2020 дар қаламрави ноҳияи Шаҳристон Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат –ҳидоятномаи халқ ба сӯи фардои дурахшон» ташкил ва гузаронида шуд.

Оид ба мавзӯи мазкур ба ахборотчиёни маҳаллӣ маводҳои зарурӣ пешниҳод гардида, ахборотчиёни маҳаллӣ дар деҳаву маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо корҳои тарғиботиро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуданд.

Дар ин рӯз аз тарафи гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдо Азимов Абдуманнон, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Файзуллоев Муҳиддинҷон ва намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Шоаҳмедов И. дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинони касбу кори гуногун, раисон, фаъолони маҳаллаҳ, имомҳои масҷидҳои ноҳия ва раисони Шӯрои занон Рӯзи ягонаи ахбор гузаронида шуд.

Дар назди ҳозирин доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдо Азимов Абдуманнон, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Файзуллоев Муҳиддинҷон дар бораи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, ки санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот аз тарафи иштирокчиёни ҷамъомад саволҳо пешниҳод гардида, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

 

Шаҳристон