Дин ва давлат

Дин ва давлат

Исломи асил ба беадолативу куштор ва катлу ғорат,ё озори инсону бехонумонии ҳазорон муслимин ҳеҷ иртиботе надорад. Роҳи ягонаи раҳоӣ рисолати умумимиллӣ касб кардани мубориза бо ифротгароист.

Дунявият маънои атеизмро надорад, баръакс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандони муасир бояд тамоми қишру табақаҳо,намояндагони динҳо ва паӣравони ҷаҳонбинии ғайридинӣ бо ҳам тавофуқ кунанд.

Дунявият ҳам ифротгарони атеистӣ ва ҳам ифротарони диниро қабул надорад Ташкилоти террористию экстеремистӣ ҲНИ дар ҷаҳони муосир нафрату бадбинӣ ҳамчун мушкилоти аввалиндараҷаи ҷомеъаи ҷаҳони шинохта шудааст. Ташкилоти экстремистии ҲНИ аз ҷумлаи онҳоест, ки маҳзабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сангин содир намуд ва барои дастёбӣ ба мақсадҳои ғаразнокаш ҳатто ҷанги шаҳрвандиро ташкил кардааст. Аз ин ҷост ки такшилоти террористии экстремистии ҲНИ дигар дар кишвари мо ягон ҷойгоҳ надорад. Вале онҳо кӯшиш доранд, ки ҷавонони ноогоҳу камдонишро фирефта ба доми худ дароранд. Барои ҳамин бояд ҳамаи кӯшишҳо ба ҳарҷ дода шавад, ки фаъолияти тахрибкоронаи ин созмони терористӣ пурра боздошт карда шавад.

Мо омӯзгорону таълимдиҳандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас онҳоро аз кирдорҳои ҷинояткоронаи такшилоти террористии экстремистии ҲНИ огоҳ ва онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ намоем!

Омӯзгори МТМУ №13: Ҷ.Қодиров

 

Шаҳристон