Нақшаҳои нопок ба ҷавонон хост нест.

Нақшаҳои нопок ба ҷавонон хост нест.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки баъзе ҷавонон дар хориҷи кишвар, ҳангоми мухоҷирати меҳнатӣ рафтору кирдор, намуди зоҳирӣ ва ақидаҳои динии худро тагйир медиҳанд. Имруз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи кишвар ҳадафҳои террористону экстремистонро хуб дарк намуда, рохи усулҳои муосири пешгирии онро дарёфт намудаанд. Аз ин лиҳоз. Ифротгароён дар хориҷи кишвар фарзандони моро,ки дурр аз Ватан, оила ва волидайн ҳастанд, бо осонӣ ба доми худ кашида истодаанд.

Дар ин самт бояд падару модар ва хешу пайвандон хуб андеша намуда, аз таҳсил, ҳолу аҳвол ва рафтору гуфтори фарзандонашон дар муҳоҷират бохабар бошанд, нагузоранд,ки онҳо ба доми фиребгару душманони миллату мо афтанд.

Имруз корҳои таргиботию ташвиқотии ҳадафнок бо баромадҳои таҳлилӣ баро ҷавонон ва дигар қиширҳои ҷомеа зарур аст. Дар вақти корҳои таргиботӣ синну сол,маълумот,касбу ҳунар бояд ҳатман ба ҳисоб гирифта шавад. Ба хонандагонии синфҳои поёнии мактаб руйрост дар бораи терроризму экстримизм ва кирдорурафтори бераҳмонаи онҳо, намоиши филмҳо аз ҷиноятҳоии нангину сангини содирнамудаи онҳо ба мақсад мувофиқ нест. Аз ҷиҳати сину сол ноболигон ин амалҳоро нодуруст қабул карданашон мумкин аст ва ин гунна намоишҳо ба руҳияи онҳотаъсири манфӣ расонида, аз хурдӣ ба сангдилӣ, бераҳмӣ одат мекунонад.

Гузаронидани корҳои таргиботӣ бо қишрҳоӣ осебпазири аҳолӣ маъхсусан оилаҳое,ки фарзандашон дар муҳорибаҳои ҷангии ДИИШ иштирок мекунанд, ба ҷурми узвмият ба ҳизби ҳаракатҳо ифротӣ маҳкум шуданд ё гумонбардониста мешаванд ва дигар шахсони онҳоро иҳотакунанда мувофиқи мақсад аст.

Кормандони мақомоти давлатӣ,ки ҳамаруза бо мардум сару кор доранд,бояд ба шаҳрвандон эҳтироми хоса, бегаразона, боадолатона, бо масъулияти том ва воқеъбинона муносибат намуда, барои ҳалли дуруст ва қонуниимуаммоҳои пайдошуда чораҷуй намоянд.

Омӯзгори МТМУ №13: Ҷӯраев Б.

 

Шаҳристон