Кабири хоин

Кабири хоин

Касе, ки ватан дораду кишвари хешро дӯст медорад, аз гуфтаҳои Мухиддин Кабири ба нафрат меояд. Ҳамагон шоҳиди онанд, ки пас аз бархӯрдҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва то имрӯз ҳам Ҳукумати кишвари мо дар ҳама гуна вазифаҳо шахсиятҳои арзанда, босавод ва ватандӯсту таҷрибаи ҳаётидоштаро мепазирад ва кулли мардуми кишвар ҳам аз интихоби шахсони арзанда хурсандӣ мекунанд, натанҳо мо, балки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз мардуми одӣ, шоир ё нависанда ва ё рӯзноманигор буданашон бо соҳибақлии худ дарёфтаанд, ки ҳақиқатро ба ноҳақӣ, адолатро ба беадолатӣ табдил додану мардумро ба шӯр оварда ба ин васила нақшаҳои нопоки хешро амалӣ намудан кори ашхоси фитнагару нопокдил аст. Агар инсон соҳиби ақлу хирад бошаду халқу ватани хешро дӯст дорад, бо муросокорӣ, бо меҳру муҳабат ба хизмати мардуму кишвари хеш камар мебандад, на ин ки гуноҳе содир намояду боз бо муттаҳамӣ онро рад намояд.

МТМУ №14 Галатов И.

 

Шаҳристон