Миллат хоинонро намебахшад

Терроризм ва экстремизм, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ин чиноят эътироф шудааст. Нафароне, ки ба ин падидахои хавфнок шомил мешаванд, сатхи маърифатии хукукии зарури ва хамзамон худоогохии милли надоранд.

Яке аз самтхои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар мухити чамъияти пешгири намудани он мебошад. Барои васеъшавии чахонбинии сиёсии чавонон як катор накша - чорабинихо, аз чумла вохури бо кормандони хифзи хукук, уламои дин ва адибону олимон дар байни чавонон хело бомаврид мебошад.

Имруз моро зарур аст, ки зиракии сиесиро аз даст надода, алайхи ин равияи манфур муборизаро пурзур намоем.

Мо хамчун пайравони Пешвои миллат шукронаи даврони ободу зебои истиклолият намуда, зухуроти номатлуб, мавзуи доги руз “Терроризм” - ро сахт махкум менамоем ва бахри решаканд намудани ин вабои аср кушиш ба харч медихем.

Чи хеле, ки ба хамагон маълум аст вактхои охир масъалаи терроризм ва экстремизм тамоми чомеаро ба ташвиш овардааст ва мо омузгорон бояд ба ин масъала ахамияти чидди дихем ва чавононро аз тахдиди ин хатар эмин дорем. Зеро бисёр чавонон аз беандешаги ба гуруххои террористи шомил шуда, ба ватани худ хиёнат менамоянд, ки ин барои фарзанди точик нанговар аст. Зеро мо дар Точикистони ободу озод ва хукукбунёд зиндаги менамоем. Барои хамин хам мо бояд Ватанамонро аз чунин гуруххо хифз намоем ва номбардори ватани худ бошем.

Он чавононе, ки ба гуруххои террористиву экстремисти шомил шудаанд аллакай пушаймонанд, онхо натанхо ба номи худ, балки ба номи падару модари худ низ иснод овардаанд. Мо ба чунин шахсоне, ки ба кадри ватани худу миллати худ намерасанд лаънат мехонем.

Чуноне, ки Асосгузори сулху вахдати милли- Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон таъкид доштанд: “ Ман бо камоли масъулият мегуям, ки давлати Точикистон ба хамаи динхо эхтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният ва оромиву суботи чомеа пеши рохи халли чунин чудоиандозиву тафрикаангезиро котеона хохад гирифт”

Мо омузгорон сиёсати пешгирифтаи созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири намуда бахри гулгулшукуфоии ватани азизамон Точикистон хамвора талош меварзем.

МТМУ№21 Юсупов Д

 

Шаҳристон