Хоини миллат ҳеч ба мақсади худ намерасад

Хоини миллат ҳеч ба мақсади худ намерасад

Дар таърих душманони миллати худ ё ватанфурӯшони рустии касбии ҳар як халқу миллат, аз он ҷумла халқи тоҷик ба вуҷуд омадааст. Мо онро дар мисоли фаъолияти вайронкоронаи ватанфурӯшу ватангадоҳо ҷинояткорони сиёсӣ Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Далер Шарипов ва дигар хоинони Тоҷикистон эҳсос карданамон мумкин аст. Хоини миллат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехӯраду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад. Лекин ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯз аз баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гашта истодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кӯшиш кунем то Ватани мо боз ҳам ободу зебо гардад. Сулҳу ваҳдат барои мо азизу муқаддас аст. Мо бояд ба ин неъмати бебаҳо расида, истиқлолияти комилро ҳифзу муқаддас дорем

Омӯзгори МТМУ 14: М.Ғалатов

 

Шаҳристон