Мо ҷавонон ҳушёру зирак бошем:

Мо ҷавонон ҳушёру зирак бошем:

Аксарият аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияфти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошад.

Ҷавонони имрӯза яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбини сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтиҳори мо мебошанд.

Мо ҷавонон ҷавобан ба ин ғамҳориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкори равона созем, бояд аз ҳама соҳаҳои ҷомеа бештар фаъол бошем,ташаббусҳои созанда пешниҳод намоем, рамзҳои давлати муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷахони муосир эмин нигоҳ дорем.

Омӯзгор МТМУ 14: Ҷураева.Г.

 

Шаҳристон