Интихобот маъракаи сиёсӣ.

Интихобот маъракаи сиёсӣ.

1-уми марти соли 2020 дар кишварамон Интихоботи вакилони маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ гузаронида мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон синнаш ба 18 расида ҳуқуқи интихоб кардан дорад.Ҳар як маҳаллаи истиқомати ба участкаҳо вобаста карда мешавад.Дар участкаҳо рӯйхати интихобкунандагон ба рӯйхат гирифта мешавад.1-уми марти соли 2020 аз соати 6—00 то 20-и бегоҳ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар участкаи интихоботи маҳаллии зист овоз диҳанд. Комиссияи участкавии интихобот на дертар аз 10 рӯз то интихобот ба шаҳрвандон дар бораи ҷой ва вақти овоздиҳӣ хабар медиҳад. Дар рӯзи овоздиҳӣ бюллетени овоздиҳӣ ба шаҳрвандон бо пешниҳоди хуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дода мешавад. Бе хуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бюллетен дода намешавад.Дар бюллетенҳои интихобот дар квадрати холӣ, дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва ҳизби сиёсие,ки мехоҳад ба тарафдориаш овоз диҳад, аломати ҷамъ гузошта мешавад.Бюллетенҳои пуркардашуда ба қуттии интихоботӣ партофта мешавад. Падару модар, фарзандон, зан ё шавҳар ва ягон каси дигар ба ҷои ягон кас овоз дода наметавонад. Ҳар як интихобкунанда бояд худаш овоз диҳад.

Директори МТМУ №15: Абдуқаҳоров Э.

 

Шаҳристон