Интихоби дурусти мо бахту иқболи мо

Интихоби дурусти мо бахту иқболи мо

Интихобот яке аз маъракаҳои сиёсию иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар он ҳар як шаҳрванде ба синни 18 расидааст,ки ҳаққи ҳуқуқе дорад, ки вакили муносиб донистаи худро интихоб кунад.Яъне мо бояд аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода намуда, шахсеро вакили худ барои шаҳру ноҳияҳо интихоб намоем. Шахси интихоб намудаи мо маълумоти олӣ дошта бошанд ва дар дил ҳисси баланди ватандорию меҳанпарастӣ ҷӯш занад. Барое,ки вакили интихоб намудан мо тақдири ва ояндаи деҳаю шаҳрак ва ё ноҳияю шаҳрҳои моро муайян месозад. Зеро,ки рушди ҷомеа, гулгулшукуфоии диёр ва сулҳу салоҳи кишвар дар дасти моён яъне халқ аст. Бинобар он мо дар ин гуна ҷашну маъракаҳои сиёсӣ беъэтибор набошем, балки фаъолона иштирок намуда овози худро ба шахси муносиб донистаи худ диҳем ва бо ин амал дар озодию ободонии ватан ҳиссагузор бошем.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ МТМУ №15: Бобоев Б

 

Шаҳристон