Ҷавоб ба қазияи Далер Шарипов

Ҷавоб ба қазияи Далер Шарипов

Хислати хоболуд, вале дар айни замон ошўбгари баъзе халқҳои ҷурналистӣ дар Ҷумҳурӣ дар он ҳувайдо мешавад, ки фақат дар Ғами он рўзро шаб мекунад, ки ҷурналист, дурусттараш хомакаҶи ҳеҶкора Ҷиноят ва амали Ҷинояткунанда содир мекунаду онҳо чун кафторҳои дар ин пайт посбон бо пиндори дастаҶамъи гуё муттаҳидии сафҳои парокандаро нишон медиҳанд. Агар пурсида шавад, ки дар тўли ин солҳо ин ҳама созмонҳои ҷурналистии бекора куҶо буданд ва танҳо барои ҳайфу майл кардани грантҳои хориҶӣ фаъолият мебаранд. Шояд посухи мантиқе пайдо накунанд? Далер Шарипов ў мисли ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии ТоҶикистон бояд қонунпазир бошад. Рисолае агар нашр кардааст ва зимни он хати қирмизро гузоштааст. Табиист, ки дар назди қонун Ҷавоб гўяд.

Яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии ТоҶикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҶикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҶтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар ТоҶикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Мо, ки имрўз дар арафаи интихоботи вакилони МаҶлиси намояндагони МаҶлиси Олии Ҷумҳурии ТоҶикистон, маҶлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем, масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъолашон дар интихобот хеле мубрам мешуморем.

Ҷумҳурии ТоҶикистон аслан, аз рўзҳои авали Истиқлолияти давлатӣ Ҷонибдори бо роҳи демократӣ, озоду шаффоф баргузор намудани интихоботҳо мебошад. Маҳз ба ин хотир, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҶикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҶикистон таҒйиру иловаҳо ворид шуданд.

Ин ҳама шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихобот далели он аст, ки дар ТоҶикистон ҳар як шахс метавонад тавассути донишу маҳорати худ ба вазифаҳои идоракунанда мушараф гардаду барои рушду нумуи мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузорад. На ин ки мисли Далер Шарипов, ки тайи чанд соли охир ба воситаи касби рўзноманигорӣ нону намаки кишварро хўрдаасту бар ивази чанд тангае, ки хоҶагони хориҶиааш медиҳанд, байни мардум тавассути маводҳои экстремистии худ нифоқ андохта, номи ТоҶикистонро дар арсаи байналмилалӣ бад намуда истодааст.

Далер Шарипов дар байни мардуми кишвар ҳамчун хоини миллат шинохта шуд. Мо боварии комил дорем, ки ҳеҶ кас ба чунин ашхоси нолоиқ бовар намекунанд ва ҳеҶ гоҳ пайравӣ нахоҳанд кард.

Ҷамоаи омўзгорони МТМУ 6 ба номи К.Ғозиев деҳаи Чашмасор ноҳияи Шаҳристон

 

Шаҳристон