Ба қадри ваҳдати миллӣ бирасем

Ба қадри ваҳдати миллӣ бирасем

Баъд аз имзо гузоштани Созишномаи сулҳу ваҳдат дар давоми 23 соли сипаригашта Тоҷикистони азизамон чӣ қадар рӯ ба беҳбудӣ гузошт, ки баъзе мамлакатҳои ҷаҳон то ин дараҷа тараққӣ накардаанд.

Ҳамаи комёбиҳо, бурду бохтҳо хизматҳои шоёни Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Халқи Тоҷикистон бо сарвари Пешвои муаззами худ барои рушду нумуи кишвар аз таҳти дил корбарӣ карда, ба ин муваффақиятҳо ноил гардидаанд. То ҳол халқи Тоҷикистон талхии ҷанги шаҳрвандиро фаромуш накардааст. Аммо душманони миллат мехоҳанд, ки тинҷии мамлакатро ноором созанд.

Ба њама маълум аст, ки Муҳиддин Кабирӣ хоини миллати тољик мебошад. Ҳарчанд худашро бегуноҳ нишон дода, ҳаракат кунад ҳам тамоми аҳли ҷомеаи давлатамон аллакай фаҳмиданд, ки ин террорист ва хоини миллат аст.

Мо кормандони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат ба хоинони миллат ва душманони давлат гуфтанӣ ҳастем, ки рӯзҳои сангини солҳои 90-ми асри ХХ дигар такрор намешавад. Чунки мо сарвари оқилу доно, пешвои хирадманд, ҷонфидои давлат дорем ва пайравони Пешвои миллати худ ҳастем.

Кормандони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат

Навгонихо ( 23.06.2020 08:07 )  

Шаҳристон