Наҳзат-уз-Коронавирус

Наҳзат-уз-Коронавирус

Ваъзияти хеле ҳассос ва мушкиле, ки имрӯз пешорӯи кишвари мо ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, ин бемории “СOVID-19” буда, некбин будану воқеияти холро нишон додан камоли инсониву аз муҳаббат ба Ватану сокинонаш дарак медиҳад.

Аз ин рӯ ҳамаи он дастовардҳои мо, ки дар давраи хурӯҷи бемории коронавирус ташкили карантини нарм ба мо имкониятҳои васеъро ба миён овард ва сатҳи зиндагии мардум паст нарафт, ки онро душманону хоинони Ватан дида наметавонанд.

 

Аз он ҷумла ҳамаи дастовардҳои дар солҳои Истиқлолият, ки бевосита бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст ҳамагон медонанд: сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро тамоми ҷаҳон меомӯзанд, истиклолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан, паст кардани сатҳи камбизоати ин ҳама бо дастгириҳои бевоситаи Президенти кишвар мебошад.

Вале нафарони заиф, кинаҷӯву хоин, ки ҳамеша “Аз таги нохун чирк кофтан” –ро одат кардаанд: ба монанди Кабириву Саид Юнуси Истаравшанӣ, Шарофиддин Гадоеву Варқи, Муҳаммад Иқболи Садриддин то, ки мавзӯе барои бадномкунии миллати тоҷик мекӯшанд. Мо рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи онҳо ва ҳаммаслаконашонро маҳкум намуда, чун тамоми сокинони ватани азизамон намегузорем, ки онҳо ба ниятҳои нопокашон расанд.

Дар атрофи Пешвои муаззами худ даст ба даст дода, аз як гиребон сар бароварда Истиқолият, Ваҳдат ва диёрамонро ҳамчун гаҳвараки чашм ҳифз менамоем.

Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон

Навгонихо ( 23.06.2020 08:06 )  

Шаҳристон