Бо амалҳои ношоиста наметавон руҳияи ҷавононро шикаст

Бо амалҳои ношоиста наметавон руҳияи ҷавононро шикаст

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол фахр аз он мекунем, ки дар чунин ватани ободу озод тинҷу осуда зиндагӣ дорем. Имрӯз барои мардуми тоҷик хусусан ҷавонон тамоми имкониятҳо фароҳаманд, то ки зиндагии худро мустақилона пеш баранд, мувофиқи хоҳиши худ донишандӯзӣ кунанд. Сабабгори ҳамаи ин тинҷиву осудагии мардуми тоҷик маҳз хираду корбарии зираконаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои ин марди осмонӣ Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфт ва роҳ сӯи рӯшноӣ пеш гирифт.

Ҳангоми тамошои филми мустанади «Хиёнат», ки чанде пеш тавассути оинаи нилгун намоиш дода шуд, ҳар як шахс фикри онро мекунад, ки дар як шароити нави таърихӣ, ки мардуми кишвар ба ҷои он ки шукри Истиқлолияти ватанро намуда, сарҷамъона ҷиҳати пешрафту рушду нумӯи мамлакати хеш кӯшиш намоянд, роҳи ҷангу хунрезиро пеш гирифтаанд. Албатта дар сари ҳамаи ин хунрезиҳо махсус афроди алоҳидае меистоданд, ки барои соҳиб гардидан ба давлату амалӣ намудани хоҳишҳои манфури хеш байни ҷомеа нифоқ ангехта, бародарро ба бародар зид менамуданд.

Мо худ бояд хуб қазоват намоем, ки ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Инсоният ба қуллаҳои баланди илму техника расида истодааст. Ҳоло барои сабук кардани корҳои одамон ҳар гуна роботу техникаҳои ёрирасон ихтироъ гардидаанд, ки қувваи меҳнатии камро талаб мекунад. Аммо мутаассифона дар байни ҷомеа шахсоне, низ пайдо мешаванд, ки ҳамаи ин тараққиёти илму техникаро танҳо ба манфиати худ истифода мебаранду ҷомеаро ба хатарҳои даҳшатовар оварда мерасонанд. Инҷо сухан дар бораи нафароне меравад, ки дар оғӯши гарми модари меҳрубон ба воя расидаанду нону намаки волидайн ва кишвари азизашонро хӯрдаанду айни ҳол ба қадри ҳамаи ин неъматҳои худодода намерасанд ва ба амалҳои террористӣ даст мезананд, ки сараввал дар пеши нишони онҳо модарони меҳрубон ва баъдан ёру бародарони онҳо меистанд. Аз амалҳои террористии онҳо одамоне ба ҳалокат мерасанд, ки як замонҳо ёру бародарони онҳо буданд ва паҳлӯ ба паҳлӯ истода кору фаъолият мебурданд.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз қабили ҳамин гуна афрод мебошанд. Замоне Муҳиддин Кабирӣ дар кишвари тоҷикон зиндагӣ мекарду соҳиби вазифа буд ва нону намаки Тоҷикистонро хӯрда, имрӯз аз давлатҳои бегона истода ба ҷониби Тоҷикистон санг мепартояд. Аз дину аз Ислом мегӯяд, аммо худ иҷрои гуфтаҳо намекунад. Зеро дар дини муқаддаси Ислом низ шахсоне, ки қадрношиносанду ҷомеаро ба нооромӣ оварда мерасонанд, сахт мазаммат шудаанд. Ҷомеаи Тоҷикистон ором асту сол аз сол дар байни кишварҳои ҷаҳон мавқеи худро баланд бардошта истодааст. Ҷавонони тоҷик дар солҳои охир дар олимпиадаҳову чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида истодаанд. Ин ҳама пешравиҳо ба чашми душманони миллат мисли хор мехаланду ба сӯзиш медароранд. Мехоҳанд, ки номи тоҷиконро дар байни мамлакатҳои ҷаҳон паст намоянд. Аммо мо худ тоҷик ҳастему аз миллати худ ифтихор менамоем ва ҳар соату ҳар лаҳза омодаем, ки муқобили афроде, мисли Муҳиддин Кабириву Саидюнуси Истаравшанӣ истодагарӣ намоем.

Мо дар фазои тинҷу осуда зиндагонӣ карда истодаем, меҳру муҳаббат барои мо беҳтарин неъмат мебошад. Мо худ имон дорему инсоф. Меҳри Худовандро дар дил мепарварем, на ба забон!

Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон

Отаев Зоирҷон Шодмонқулович

 

Шаҳристон