Бедонишӣ - омили нооромии ҷомеа

Бедонишӣ - омили нооромии ҷомеа

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Инсоният ашёҳоеро ихтироъ карда истодаанд, ки кори ҳамарӯзаи онҳоро осон намуда, барои пешрафти илму фан саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Пешрафти илму техника албатта ёрии аввалиндараҷаи худро барои одамон мерасонад, аммо дар ҷомеа афроди бадтинате низ пайдо мешаванд, ки ҳамаи ин тараққиёту воситаҳои ёрирасонро барои манфиатҳои щаразноки худ истифода мебаранд ва ҷомеаро ба нооромиву харобаҳо оварда мерасонанд. Албатта ин ҳама маҳсули кори як нафар ё ду нафар нест. Гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки оромии халқро дида наметавонанд ва ҷомеаро ба нобудӣ оварда мерасонанд. Ин гуна афрод ҳатто падау модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабояшонро дар роҳи ба мақсади нопоки худ расидан қурбон мекунанд. Мансаб барои онҳо аз ҳамаи наздиконашон боло меистад ва дар роҳи ба мансаб расидан ҳамаи онҳоро қербон месозанд. Ин гуна шахсонро дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо номи нангини «террорист» мешиносанд ва ҳама нисбати онҳо нафрат доранд.

Мушовири шуъбаи маориф Муллоева М

 

Шаҳристон