Шукрона мекунем,

Шукрона мекунем, ки имрӯз дар чунин давлати соҳибистиқлол, зиндагони мекунем!

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намудан, ки мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегиву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машақат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем. Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорам, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоем. Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширну шоирона омӯзонанд.

Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Мутахассиси пешбарӣ бахши дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими

МИМҲД ноҳияи Шаҳристон Н.Абдуназарова

 

Шаҳристон