ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРӢ

Хатари таҳдиди марг, носолим гардондани вазъи ҷомеъа, иғвоандозӣ дар байни одамон, махсусан дар байни ҷавонон ва дигар амалҳои ғайри инсонӣ аз ҷумлаи амалҳои гурӯҳҳои ифротгаро гуфта мешавад.

Ифротгарои зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикос ёфта мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷотӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Яке аз шаклҳои ифротгарои ифротгароии динӣ мебошад, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми қарни 20 рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисли ҳаракати «Толибон», «Ал-қоида» ва «Ҳизбут-таҳрир» мушоҳида карда метавонем.

Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароир Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» (соли 2003) ташкил медиҳанд.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бақадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осударасида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳар гиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бе бунёди ифротӣ нашаванд.

Зеро, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид намуданд, ки «Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани давлату миллат, саъюу талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлоли Ватан ва тамоми халқи Тоҷикистон мебошад».

Ҷӯраев Хусрав

сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Шаҳристон

 

Шаҳристон