САҲА чӣ мехоҳад?

САҲА чӣ мехоҳад?

Баъди ҳазор соли муборизаву ҷоннисориҳо халқи тоҷик тавонист Истиқлоияти давлатии хешро ба даст овард. Дар ин давра мисли гузашта душманони миллати тоҷик нагузоштанд, ки давлатдории хоси тоҷикон таъсис ва рушд ёбад, душманон роҳҳои аз байн бурдани онро ҷустуҷӯ намуданд. Яке аз душманони миллат, давлат ин роҳбарон ва аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом буд, ки онҳо яке аз чунин роҳҳои аз байн бурдани давлатдории тоҷиконро бо фирефта намудани мардум дар зери ниқоби дини мубини ислом медиданд. Воқеаҳои хунин ва бесарусомониҳо дар ҷумҳурӣ дар солҳои 90-ум маҳз яке аз натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом ба шумор меравад.

Ба таърихи наздик назар афканем, Ҳизби наҳзати ислом солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии исломии Афгонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Баъди ба қайд гирифтани он, дар қаламрави кишвари мо ташкилотҳои ибтидоии худро таъсис дода тарафдорони худро пайдо намуд ва дар кишвар табаддулоти давлатӣ ва ҷанги бародаркушро ба амал бароварду ҳодисаҳои террористию экстремистиро ба роҳ андохт.

Далелҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи фаъолияташ Ҳизби наҳзати ислом ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуданд. Вазнинтарин ҷинояти онҳо хиёнат ба Ватан, миллати худ, хиёнат ба мазҳаби худ буд!

Бо дарназардошти ҳолатҳои зиргардида дар таърихи 29 сентбри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстеримистӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқи барҳам дода нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати ислом, дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан манъ карда шуд.

Пас аз қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ташкилоти террористӣ-экстеримистӣ ҲНИ бо дастгирии хоҷаҳои хориҷии худ дар шаҳрҳои Берлин, Варшава, Теҳрон паноҳ ёфтанд ва бояд қайд намуд, ки онҳо бозичаҳои дастони дигаронанд.

Ба мо маълум аст, ки Созмони амнияти ҳамкори дар Авропа (САҲА) яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналхалқи ба ҳисоб рафта дар таъмини бехатари ва демократикунонии ҳаёти кишварҳои дунё кӯмак расонад.

Мутаассифона, солҳои охир ин созмони байналхалқӣ ба ҷаласаҳое, ки дар кишварҳои гуногуни Авропа баргузор мегардад, намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро ки бо сабабҳои хиёнаткориашон нисбат ба давлат ва миллат фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст, даъват намуда, имконият медиҳад аз минбари онҳо истифода намуда, дар ҳаққи давлати Тоҷикистон бӯҳтон ва суханҳои бардуруғро паҳн намояд.

Соли ҷорӣ аз 10-ум то 21-уми сентябр конфронси навбатии САҲА дар шаҳри Варшава (Полша) баргузор гардид. Дар он роҳбари раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва як гурӯҳ хоинони ватан ширкат ва сухарони намуданд. Гуфтаҳои онҳо беасос, тӯҳмат ва иғво иборат буда, фиребҳои навбатии наҳзатиёни хоин буд.

Ба давлатҳои бегона фирор карда, омӯхтан, тайёр кардану ба кор бурдани маводи таркиш, тирпаронӣ, куштор ва сӯхтор бар муқобили Ватане, ки хоки замини бобоён аст, дар кадом меъёрҳои инсони ё кадом ҳадисҳои исломӣ рост меояд?

Бояд зикр намуд, ки аз 57 давлати аъзои САҲА инчунин сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалии ба монанди Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), иттиҳодияи давлатҳои мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Интерпол ҳизби мазкурро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ дар баробари ДИИШ (давлати Исломии Ироқу Шом), «Ал-қоида», ҳаракати «Толибон», «Ихвон-ул-муслимин» ва ғайраҳо таҳти №79 ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ба қайд гирифта шудааст.

САҲА дар конфронси худ ин далелҳоро дидаву дониста ба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ чи хел барои иштирок ва суханрони иҷозат дод, тааҷҷубовар аст?

Роҳбарон ва аъзоҳои ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯихати ҷустуҷӯи байналмилалӣ (интерпол) қарор доранд, ҳаракатҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба ҳизби наҳзат ва гурӯҳҳои террористҳо ва экстремистҳо идома медиҳад.

Онҳо барои фаъолияти террористиашон ба ҷазои ҷинои лоиқ ҳастанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карданд: танҳо дастҷамъона бо дар ниҳоди ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ метавонад пеши роҳи ин вабои асрро гирад. Ҳар яки мо ифтихор кунем, ки соҳибватану соҳибдавлат ҳастем. Мо бояд Ватанамонро баробари Модари худ ва мисли ҷонамон дӯст дорем ва онро ҳимоя кунем.

Хушбахтона, мо Ватани соҳибистиқлол дорем. Пешвои миллат дорем, халқи бонангу бономус дорем!

Ҳаргиз мо фиребу найранг, суханҳои бардурӯғӣ, тӯҳматангези хоинони ватан бовар намекунем. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи мақомотҳои ваколатдор, балки вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту инсондӯст, бономус, комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Ваҳобҷон Зойиров,

мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия,

номзади илмҳои педагогӣ

 

Шаҳристон