«Чоҳкан зери чоҳ»

«Чоҳкан зери чоҳ»

Инсон метавонад тамоми умр тинҷу осуда зиндагӣ кунад ва фардояшро бо орзуҳои ширин рангин гардонад. Гӯем, ки хонаҳо бунёдкунад ё наслу наврасе тарбия кунад, ки ҷонсупорандаи ҳар зарра хоки Ватан бошад, то даме ки ба дунё омад Ватан гӯяд ва ҳиссиёти ватандӯстӣ дар дилаш ҷӯш занад.

Бар Худованд ҳазорон бор шукур,ки дар Тоҷикистони азизамон сулҳу Ваҳдат ҳукмрон аст. Мардумонаш наслу наврасӣ ба воя расонидааш, намегузорад душманони дохилию хориҷӣ ба пайкари он осебе расонанд. Хандаи зебои кӯдакон,парвоз кардани кабутари сулҳ дар само, шоду фарах, субҳ суруд хондани модарон ва нагмасарои булбулон ин ҳама боиси иқистиклолият мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо беназир бо саъю кушиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин дастовардҳои ба баъзе одамони бадният писанд наомад. Гӯем, ки мисли Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бошад. Муҳиддин Кабирӣ чун шахси хоини Ватан ба ҳамагон маълум аст, ки дар Тоҷикистон корҳои бадӣ худро фарҷом кардааст ва аз корҳои бадаш мардуми Тоҷикистон огоҳӣ ёфтанд. Муҳиддин Кабирӣ бо ёрии ҳаммаслаконаш роҳи гурезро пеш гирифт, ба назди шариконе ки дар кишвари хориҷаанд рафт.

Ӯ ҳозир дар кишвари хориҷа буда, бо шариконаш ба зидди Тоҷикистон фитна, иғво, иғвогариро дар шабакаҳои интернет нишон дода истодааст. Ҳарчанде, ки у чӣ гуна корҳоро кунад ҳам мо ба он бовар нахоҳем кард.

Мо ҷавонон бояд зиракиву ҳушёрии сиёсии худро аз даст надиҳем. Мо бояд бо донишу малакаи хеш роҳи ифротгароиву терроризм ва экстремизмро гирем ва барои гул—гулшукуфи Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.

Дур аз Ватанӣ гар ба ӯ санг занӣ,

Ҳам нокасу ҳам хоину ҳам аҳриманӣ.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Точикистон бо Афгонистон, ки марзи чанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тӯлониро дар бар мегирад, афсоишёбанда мебошад ва барои пешгирии аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста,кӯмаку дастгирии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонад.Яъне Точикистон дар хатти пеши мубориза ба терроризму чинояткории мутташаккили фаромилли қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад.

Саврвари давлат доир ба муҳимияти тадбирҳои Точикистон дар мубориза бо терроризму экстремизму байналмилалӣ, чиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи мухадир сухан гуфта, таъкид доштанд, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши амалҳои таҳрибкоронаи гурӯҳҳои терористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетию чиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши гайриқонуни маводи мухаддир,ки яке аз манбаъҳои асосии маблаггузории терроризм бори дигар изҳори нигаронӣ намуда,аз иштирокчиёни чаласа барои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти муборизаи беамон дар ин самт даъват ба амал оварданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд,ки роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ минбаъд низ барои таҳкими иқтидору имкониятҳои зидди терористию экстремистӣ ҳамбастагию дастгирии ҳамдигариро тақвият бахшида,бо истифода аз имконоту иқтидор дар таъмини амнияту суботи минтақа ва давлатҳои ИДМ саҳми муносиб мегузоранд.

Сокини ноҳия Каримов Зоир.

 

Шаҳристон