Экстремизм ва терроризм падидаҳои номатлуб.

Экстремизм ва терроризм падидаҳои номатлуб.

Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстремистӣ ба амал омада боиси ташвишу истироби ҷомеа гардида истодааст.

Эетремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амали зуҳуроти номатлуб метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Эктремизм - аз рӯи мазмун дин ива дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмилӣ шуда метавонад.

Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дин миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад.

Экстремизм - дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад. Ифротгароии динӣ бошад, дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғайра) мавҷуд аст. Вусъати экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.

Мутаассифона таи солҳои охир дар динпарастии мо тоҷикон низ ба ҳар хел нуқсону иллатҳо пайдо шуда, шомил гаштани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстромистӣ дида мешаванд. Террорист гуфта шахси вайронкунандаи қонунҳо,ашхоси зидбароянда ба хуқуқи инсон, узви ҳар гуна ташкилотҳои ифротгаронаро меноманд. Аввалан шахсони дорои ақли солим ва комил, боинсофу шуурноку боадаб ҳаргиз террорист намешавад. Террорист ғайриинсон аст, зеро ки шуур, ақл барин воситаҳои фарқкунандаи инсону ҳайвонро доро нест. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар суханрониашон борҳо таъкид месозанд, ки «Террорист давлат, миллат ва дин надорад». Мақсади ин падидаҳои номатлуб он аст, ки дар зеҳни мардум ворид кардани тарсу ваҳм ва нобаварӣ ба фардои осишта, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ва ғайра мебошанд. Ин аст, ки ҷомеаи мутаммадини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳои хавфнок мубориза бурда истодаанд.

Мо тоҷикон ҳам бо якҷоягӣ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстромизм камари ҳимат бубандем.

Директори МТМУ №18 Ҷ.Шаропов

 

Шаҳристон