Аз хиёнаткорон ҳазар!

Аз хиёнаткорон ҳазар!

Баъди ба истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба сулҳу субот ва оромӣ, Ҷумҳурии мо дар тамоми самтҳои фаъолият ба мувффақиятҳои калон ноил гардида, мардум зери щамхориҳои доимии давлату ҳукумат зиндагии тинҷу осоишта доранд. Имрӯз мардуми шарафманди кишвари азизамон бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ваҳдату якпорчагӣ ба корҳои созандагиву бунёдкори машщул мебошанд. Таи 29 сол аст, ки кишқари азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиёт зина ба зина дар масири рушд қарор дорад.

Аммо, душманони давлату миллат Муҳиддин Кабирӣ, думравону пайравону ҳаммасллакони ӯ, дао хориҷи кишвар паноҳ бурда, имрӯзҳо ташкилоти террористи ва экстремистии худро «Паймони миллӣ» номгузорӣ кардаанд, мехоҳанд ақидаву идеологияи ифротӣ мақсаду мароми мущризонаю бегонаи хоҷагони хориҷии худро тавассути шабакаҳои интернети паҳн намуда, оромии суботи кишвари моро халалдор созанд.

Чуноне, ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар филми ҳуҷҷатии «Хиёнан»,ки дар се қисмат омода гардида, намоиш дода шуд, бори дигар чеҳраи аслии наҳзатиён, амалҳои ваҳшиёнаи онҳо нисбати халқи тоҷик, ки бо дастуру супориши давлати ба мо маълум ва хадамоти ҷосусии он бевосита амалӣ гардида буд аз даҳони шоҳидони зиндаи наҳзатӣ нақл карда шуд. Шахсе, ки филми мазкурро бо таваҷҷуҳ тамошо карда бошад аз чунин ваҳшоният, душманӣ ангушти ҳайрат мегазад.

Муҳиддин Кабири ба щайр аз пул ва хоҷагонаш дигар ба ягон кас садоқат надорад. Роҳи интихоб кардаи ӯ торику ноҳамвор буда, шахсони ба домаш афтодаро фақат ба бадбахтиву сарсахтӣ мебарад.

Мақсади асосии назҳатиёнӣ зӯран ба даст овардани қудрати сиёсӣ, ноором сохтани амният ва суботи ҷомеа бо ин васила расидан ба мақсадҳои нопоки худ мебошад. Аммо, имрӯзҳо мардуми сарбаланди кишвари соҳибистиқлоламон кӣ будани Кабирву думравони ӯ ва мақсадҳои нопоки онҳоро дарк кардаанд.

Аз ин тоифаи ватанфурӯшон, туҳматбофон хиёнаткорон, ва душманони миллат ҳазар!

Каримова Мастона

 

Шаҳристон