Истиқлолият неъмати бебаҳост

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Дар таърихи 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот « Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишмандест, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст.

Мардуми тамаддунофари тоҷик дар давоми таърихи беш аз ҳазор сола дар роҳи расидан ба давлатдории худ, ҳифзу ҳимояи нанги номуси миллӣ рӯзгори пур аз барору нобарориҳо, ба даст овардану аз даст доданҳоро сипарӣ кардааст.

Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи байналмиллалии Тоҷикистон самараи талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон аст.

Дар партави иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастаанд, ки ин ҷараён то кунун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо суръат идома дорад. Сол аз сол роҳҳои байни минтақаҳои шимолу ҷануб яъне дар фасли сармову гармо рафтуомади мардум тавассути нақбҳои «Шаҳристон», «Истиқлол» ва дигар манотиқи кишвар беҳтар шуда истодааст.

Тоҷикистон доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад, ки ин ифтихори мо аст.

Вобаста ба амнияти озуқавории кишвар бошад, рӯз аз рӯз сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар гардида, бо ғизои хушсифат таъмин гардида истодаанд.

Ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба манфиати миллати тоҷик аст.

Давлатзода Махсумҷон Азиз

Прокурори ноҳияи Шаҳристон

 

Шаҳристон