30 соли қадамҳои устувор

30 соли қадамҳои устувор

Ноҳияи Шаҳристон 29 августи соли 1990 дар асоси Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон « Дар бораи ташкил нмудани ноғияи Шаҳристон» таъсис ёфтааст.

Ноҳияи Шаҳристон яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд буда, дар ҳудуди он 2 Ҷамоатҳои деҳот ва 19 деҳаҳо ҷойгир шудаанд.

Марзи маъмурии ноҳия 114263 гектарро ташкил дода, дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда дар ҷануб бо ноҳияи Айни,аз шимол бо шаҳри Истаравшан, аз шимолу шарқӣ бо ноҳияи Деваштич ва аз ҷанубу ғарбӣ бо ноҳияи Янгиободи аилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии +збекистон ҳамсарҳад мебошад.

Шумораи умумии аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2020 ҳамагӣ 43,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз аз шумораи умумии аҳолӣ 22 ҳазор нафар мардҳо (50,2%) ва 21,8 ҳазор нафар занон (49,8%) мебошад.

Ноҳияи Шаҳристон ноҳияи аграрии буда, 43,8 ҳазор нафар ё ин, уи 100 фоизи аҳолии он дар деҳот зиндагонӣ менамоянд.

Самтҳои асосии кишоварзии ноҳия растанипарварӣ, боғдори ва чорводорӣ мебошанд.

Дар ноҳия 2280 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 57 адад хоҷагиҳои коллективӣ фаъолият менамоянд.

Дар давоми аз таъсизёбии ноҳия то имрӯз якчанд биноҳои маъмурию иҷтимоии замонавӣ сохта шуда ба истифодабари дода шудааст, аз он ҷумла:

Биноҳо мақомоти иҷроияи маҷалли ҳокимияти давлатииноҳия, суди ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи амнияти миллӣ, адлия, прократураи ноҳия, нозироти андоз, Раёсати молия, Аграинвестбонк, амонатбонк, суғуртаи давлатӣ, шӯъбаи маориф, шӯъбаҳои таваллудхона, бачагона, амрози дарунӣ, ҷарроҳи ва эҳё, комисарияти ҳарбӣ, хоҷагии манзилию комуналӣ, Васри фарҳанг ва ғайраҳо мебошанд.

Дар мудати 30 сол 8 муассисаҳои таълимии нав ба истифодабари дода шудааст.

Дар ноҳия дар ин давра вазифаҳои Раиси ноҳия шахсони зерин Шодимаҳмадов Ш., Баҳодуров К., Муртазоқулов Р., Шукуров М., Холиқова М., Раҳматов Т., Ахмедов И., Набизода Н фаъолият намуданд ва имрӯз ҳамчун раиси ноҳия Ҷалилзода Ашуралӣ фаъолият менамоянд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби Шаҳристон бо дарозии 5,2 км солҳои 2006-2012 сохта шуда,ба истифода дода шудааст,ки зиёда аз 1430 миллион сомонӣ маблағ масраф карда шудааст. Ин яке аз ҳадафҳои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, пайваст намудани шмимолу ҷанубӣ Тоҷикистон дар мавсимҳои сол ба шумор меравад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оҳияи Шаҳристон ва бо ташаббуси бевоситаи Раиси ноҳия кӯчаҳои маркази ноҳия дар се соли охир ободу зебо гардида пурра чароғон карда шудааст.

Раёсати молия дар ноҳияи Шаҳристон ҳасоли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси қарори кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Шаҳристон аз 21 январи соли 1991 таҳти №3 дар ҳудуди ноҳияи навташкилёфтаи Шаҳристон ташкил карда шудааст. Раёсати молия дар асоси Низомномаи худ маблағҳои буҷети ноҳияро аз рӯи ҳаммаи сарчшмҳои андозва ғайриандозӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба назар гирифта мақсаднок хороҷот менамояд.

Қисми даромад ва қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар даҳ соли охир, соли 2020 нисбати соли 2010 (27394000/5971458) ба андозаи 4,6 маротиба афзудааст. Дар ин давра нақшаи буҷнти ноҳия пурра иҷро гардида, маблағҳои буҷетӣ сарфакорона ва мақсаднок хароҷот карда шуда истодааст.

Дар охир ҳамаи мардуми шарафманди ноҳияи Шаҳристонро бо 30-солагии таъсисёбии ноҳияи Шаҳристон ва 29-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният намуда ба ҳамаи Шумоён тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу ҳаёти осоишта таманно намеда, ба корҳои ҷамъиятиву оилавиашон комёбиҳои беназир орзумандем.

Раёсати молия дар ноҳияи Шаҳристон

 

Шаҳристон