Саразм гаҳвораи тамаддуни тоҷикон

Саразм гаҳвораи тамаддуни тоҷикон

Бо мақсади рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ маҳз Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2019-2021-ро солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Таърих шаҳодад медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ маркази тамаддуни ҷаҳон башумор рафта ва дар замонҳои қадим мардуми тоҷик беш аз 400 намуди ҳунармандиро доро буданд. Дар айни замон дар мамлакат зиёда аз 2,900 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад. Дар ин самт, Саразм, ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, аҳмияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ мебошад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон башумор меравад. Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар, Пешвои муаззами Миллат изҳор доштанд, ки дар соли 2020-ум 5500-солаги Саразм ҷашн гирифта мешавад ва имрӯз Тоҷикистон барои ин санаи таърихӣ омодаги дида истодааст.

Таърихи қадимии Саразмро дар соли 1976 аз ҷониби олимон ва бостоншиносӣ тоҷик А.Исҳоқов кашф намудаанд. Саразм яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далелҳои рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 2010, дар рӯйхати ёдгориҳои таърихии ҷаҳонии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шудаанд.

Саразм, димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазораи 4-2 то м.), ки 15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд воқеъ аст. Масоҳаташ 90 га соли 1976 бостоншиноси тоҷик А.Исоҳқов кашф намуд ва соли 1978 таҳти роҳбари ӯ отряди археологии Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон тадқиқ мекунад. То ҳол 4 бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шудааст. Масоҳати бинои аввал 180 м2 буда, аз 7 хона иборат аст. Деворҳои бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 м2 масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагист. Масоҳати бинои сеюм 350 м2 буда, 13 хона дорад. Девораш аз хишти хом. Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон аҳмияти махсус дорад. Тарафҳои баробар, масоҳаи якхела рӯ ба рӯй ҷой гирифтани даромадгоҳҳо се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯй тарҳи махсус сохта шудааст. Хонаҳои иқоматӣ мураббаъ ва росткунҷа (6-12м2), бари даромадгоҳҳо хурд (50-75 см). фарши хонаҳо ба андозаи 75-95 см оташдони мудаввар дорад, гирдашро деворча гирифтаъаст, ки ғафсиаш 8-12 см, баландиаш 9-10 см. Оташдонро баъзан дар болои суфча (баландиаш 15-20 см) месохтанд. Долону даромадгоҳҳо аз хонаҳо ба ҳавлӣ мебаранд.

Деворҳои бино 35-75 см ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидаст. Дар ҳавли танур, оташдон, сохта тамоми истиқоматкунандагон истифода мебурданд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доштаанд, ки аз дохили онҳо асбоби рӯзгор ва осори маданият ёфт шудаанд. Бинои чаҳорум 18 хонаро дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ, дошт кашф гардидаанд. Дар Саразм чаҳор давраи ҳаёт, ки ёдгориҳои он Саразм - I.II.III.IV ном гирифтаанд, ошкор шуд.

Аҳолии Саразм асосан бо деҳқонӣ чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, инчунин косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло. қалъагӣ) машғул буд.

Мис ва қалъагиро омехта намуда табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигири дарафш сӯзан месохтанд. Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса табақ ҷом пиёла кӯза хумча сохта, бо ранги сиёҳ қирмизӣ сурх гулобӣ зардча оро медоданд. Сокинони Саразм, бо кишварҳои соҳили халиҷи форс, баҳри Араб давлати Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ доштаанд, ки ашёи биринҷӣ (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои дастадори тарозу, зарфу гӯшмоҳиҳо, асбоби зебу зинати (аз фирӯза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда шоҳиди онанд. Дар байни аҳоли Саразм сохти авлодӣ ҳукумрон буд. Дар натиҷаи тадқиқоти археологӣ маълум гардид, ки Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мовороуннаҳр буда, бозёфтҳои он шаҳодат медиҳад, аҷдоди тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандар Мақдунӣ дорои маданият мутараққӣ будаанд. Омӯзиши Саразм. Дар таърихи тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигари Осиёи Миёна саҳифаҳои наверо мекушояд.

Бозчоп аз ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК,

Душанбе 1986

 

Шаҳристон