Истиқлолият меваи озодпарастии мардум

Истиқлолият меваи озодпарастии мардум

Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҷои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ шуд ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонун шиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Дар чунин шароити душвор халқи тоҷик бо сарварии меъмори сулҳу ваҳдати Тоҷикистон Сардори давлатамон Эмомали Раҳмон дар ҷодаи пуршарафи Истиқлолият ҷонбозиҳо намуда, ба пирӯзиҳо соҳиб шуданд, тоҷикон ба ҷаҳониён қудрати азими сулҳофаринӣ ва озодпарастии хешро нишон доданд. Бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварамон 29 соли Истиқлолият давраи ба вуҷуд овардани шароиту имконот барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гашт. Ин давра сулҳим пойдорротаъмин намуда, тамоми шароитро барои инкишофи кишвар фароҳам овард. Имрӯз мрдуми шарифи Тоҷикистон аз сулҳу ваҳдт баҳравар буда, рӯ ба созандагию бунёдкориҳо ниҳодааст.

Сатторзода Ҳотамшоҳ-судяи суди вилояти Суғд

 

Шаҳристон