Истиқлолият-ифтихори миллати тоҷик

Истиқлолият-ифтихори миллати тоҷик

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурарзиштарин дастовади давлату миллати тоҷик аст, ки 29-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба миён омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳдисаи фараҳбахш аввали моҳи сентиябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9-уми сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзисти ва осоиштагию абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангир гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти милӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳаммагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши « Пиндари нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшвнтарин орзуву омили инсоният ва рукунҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳои барои ташакулли арзишҳои солимро башрдӯстона хтдмат кардааст. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёси иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллт рамзу асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 29 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлитӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаем. Самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпайванд шинохта шудааст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳони гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷик миллат сат. Мо боят аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳур гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Судя: Амонқулзода Дилнавоз Амонилло

 

Шаҳристон