Даромади аҳоли асосан ба кишти ғалладонагиҳо, картошка, боғпарвари ва истеҳсоли асали табии вобастаги дорад.
Кӯҳсори ноҳия аз гиёҳҳои шифобахш аз қабили мумиё, ангат, хуҷ, бодоми кӯҳи, зирк, пиёзи анзур, захоса (Эфедра) ва дигар гиёҳҳои кӯҳи бой буда, барои рушди корҳонаҳои хурди дорутайёркуни ва гирифтани даромади иловаги манбаи асоси ба шумор меравад.
Дар ноҳияи Шаҳристон ба асппарвари эътибори махсус зоҳир карда мешавад. Дар ноҳия 824 сар асп мавҷуд буда, ҳар сол эҳтиёҷоти аҳоли ва сайёҳони дохиливу хориҷи бо қимиз таъмин карда мешаванд.
Дар давраи Иттиҳоди Шӯравй дар ноҳия Маркази табобати қимизй дар деҳаи Турсунзодаи ноҳия амал карда, бинобар вазнинии вазъи иқтисодй фаъолияти он қать гардида, барқарор намудани он талаби замон мебошад.
Имрӯз сокинони ноҳия аньанаҳои наҷиби насли калонсолро идома дода, барои пойдории дӯстию рафоқат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмй, шукуфоии диёр кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳй ва ҳунарҳои мардумй моҳи марти соли равон бо ташаббус ва маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба тариқи ҳашар дар назди ёдгории таьрихии қалъаи Қаҳқаҳаи I Боғи фарҳангиву фароғатии ҷавонон ташкил карда шуд.
Соли 2018 барои сокинони ноҳияи Шаҳристон соли таърихй ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро ки дар ин соли таърихй ноҳия ба майдони корзор табдил ёфта, чандин иншоотҳои ҳаётан муҳим, яьне биноҳои шуьбаҳои ҷарроҳй ва эҳёи беморхонаи марказй, Қасри фарҳанг, интернати давлатии наздимактабй ва бинои маркази адлия санаи 24 июн дар арафаи таҷлили солгарди Рӯзи ваҳдати миллй бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Ташрифи Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия ва суханрониҳояшон дар ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг ҳар як сокини ноҳияро рӯҳбаланд карда, боиси он гардид, ки корҳои ободонию созандагй ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар вусьат ёфтааст.