Чоп

Ноҳияи Шаҳристон ноҳияи наздикӯҳй маҳсуб ёфта, 58,8 % -и ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд.

Ноҳия дар қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ буда, аз тарафи Ҷанубу Шарқ бо ноҳияи Истаравшан, аз тарафи Шимолу Ғарб бо ноҳияи Айнй ва аз тарафи Ҷанубу Ғарб бо Ҷумҳурии Узбекистан ҳамсарҳад мебошад.

Кӯҳҳои Шаҳристон бо дарахтони ҳамешасабзи арчаи Зарафшонй рӯйпӯш гардида, обу ҳавои тоза, таърихи кӯҳан ва таъбиати нотакрори он барои рушди саҳаи туризм мусоид менамояд. Иқлими Шаҳристон муътадил буда, намиаш кам, тобистонаш хушку дилнишин, зимистонаш миёнаи нарм ва хунуки сербарф мебошад.

Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 240 км ва то маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд 100 км -ро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии ноҳия 114,3 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, аз рӯи хусусияташ аграрй мебошад.

Дар ноҳия 2 ҷамоати деҳот: Ҷамоати деҳоти Шаҳристон иборат аз 12 деҳа ва Ҷамоати деҳоти Бунҷикат иборат аз 7 деҳа мавҷуд буда, аҳолии ноҳия 42242 нафарро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Шаҳристон таърихи бойи қадима дошта, се ҳазор сол пеш ҳамчун пойтахти мулки Уструшан бо номи Бунҷикат маъруф аст, ки кашфиётҳои археологии қалъаи Қаҳқаҳа ва дарёфт шудани тасвираи «Модаргург» аз он шаҳодат медиҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки соли 1929 ноҳияи Шаҳристон ташкил гардида, соли 1958 ноҳия бо сабабҳои гуногун барҳам дода шудааст.

Санаи 29 августи соли 1990 бо саъю талошҳои шахсони баруманди ноҳия Шаҳристон ҳамчун ноҳия аз нав таъсис дода шуда, ноҳияи навтаъсис ҳамқадам бо соҳибистиқлолии кишвар рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар ин давра чандин иншоотҳои ҳаётан муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Ноҳияи Шаҳристон, ки ҳамсоли Истиқлолият аст, дар давраи соҳибистиқлолй дар ноҳия дигаргуниҳои куллй ба амал омадааст. Имрӯз симои маркази ноҳия ба шаҳраки замонавй табдил ёфтааст.

Навгонихо ( 26.04.2021 02:21 )