-ТАҶЛИЛИ 81 – СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
09.05.2026 сол н.Шаҳристон
Имрӯз дар ноҳияи Шаҳристон бахшида ба 81 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ дар хиёбони «Поси хотира»-и деҳаи Шаҳристон, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон, бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори КДФ «ХМК»-и вилояти Суғд Баҳриддинхоҷа Нозимӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ ва намояндагони касбу кори гуногун маросими гулчанбаргузорӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён ба хотири поси хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузошта, хотираи неки фарзандони далеру ҷоннисори Ватанро гиромӣ доштанд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки корнамоиҳои фарзандони шуҷои миллат дар солҳои вазнини ҷанг барои наслҳои имрӯзу фардо намунаи олии ватандӯстӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати сулҳпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба собиқадорон ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Инчунин ба 10 нафар собиқадорони ақибгоҳӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ туҳфаҳо супорида, дастархони идона ороста шуд.
Чорабинии идона дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, 81 – солагии Рӯзи Ғалаба дар ноҳияи Шаҳристон дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.



.jpg)