Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии тоҷикон, ҳурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп

Боиси ифтихор аст, ки эҳтиром ба арзишҳои милливу динӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон аст.

Эълон гардидани соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам, баргузории ҳамоиши байналмилалии “Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир”, 5500 - солагии Саразми бостонӣ , 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ , таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккир ва шахсиятҳои бузурги диниву фарҳангии халқамон, ҳамчун Рўзи Иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, ва дигар тадбирҳо аз он далолат медиҳад, ки эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва динӣ , хусусан арзишҳои дини мубини ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолият муяссар гардидааст. Зеро ки Истиқлолият ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзишҳои олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем.

Мутаассифона, ҳикмат ва моҳияти ин ҳақиқатро на ҳама дуруст дарк мекунанд. Баъзе ашхос ва гуруҳҳои муайян аз ҳуқуқу озодиҳои демократӣ суиистифода намуда, мехоҳанд ғаразҳои худро аз мавқеи дин асоснок созанд.

Имрўзҳо масъалаи хусусияти ифротгароӣ касб карадани баъзе равияву ҳаракатҳои исломӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии олами ислом мубаддал гардидааст.

Мо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки дар ҳар як Паёми Пешвои муаззами миллат давоми чанд соли охир мавзўи муқовимат ба экстремизм ва терроризм мақоми меҳварӣ касб намудааст. Аз ҷумла, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 дар заминаи таҳлили амиқи вазъи сайёра ва доман паҳн намудани ин вабои аср таъкид доштанд, киВазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ , гардиши ғайриқ онунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳ о ва дигар ҷиноятҳ ои фаромиллӣ , ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳ ем. Зеро пайравони созмонҳ ои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳсохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.

Экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир падидаи нав ба шумор намеравад, балки солҳову асрҳост, ки он ба инсоният мушкилот ва хатарҳои бепоёне эҷод мекунад. Терроризм ва экстремизм фаъолияти иртиҷо, харобкор, фитнаангез, қатлу куштор ва ваҳшониятест, ки аз ҷониби ниҳодҳои номаълум ба воситаи хароб кардани нерўҳои ақлонӣ ва ҷисмонии одамони авбошу қотил, ҷинояткору ғоратгар, зудбовар, гумроҳу фиребхўрда мавриди амал қарор дода мешавад.

Мақсади ягонаи онҳо ноором сохтани вазъ ва ба сари мардум таҳмил кардани фарҳангу мазҳаби бегона мебошад.

Имрўз, ҳар яки мо, махсусан падару модаронро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, фарзандони худ масъулиятро боз ҳам бештар намуда, нагузорем, ки насли наврас, ҷавонон ба ҳар гуна унсурҳои бегона шуғл варзанд. Пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ дур бошанд. Ҳамеша ба рафтору кирдор ва тарзи либоспў шиву муоширати онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем.

Чуноне ки зикр намудам, мо тоҷикон мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқ лол, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.

Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки “Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад.”

Имрўз моро зарур аст, ки дар поку бегазанд нигоҳи доштани забони давлатии худ саҳми худро гузорем. Зеро ки забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст.

Масъалаи дигар масъалаи риояи фарҳанги либоспўшӣ мебошад. Зеро ки либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, нишонаи асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддун буда, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тўли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳ ёи ҳунарҳ ои мардумӣ , ташвиқу тарғиби либоси миллӣ , рушди инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷиконҳ амчун миллати бофарҳ анг, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ , аз ҷумлаи атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанўз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳ анҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.

Дар кишварамон нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдў зиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷуробҳои Бадахшон набошад. Боиси ифтихор аст, ки либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангуҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳ ои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшии бегона завқпайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳ анд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.

Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пўшидани пироҳанҳ ои кўтоҳи ба тан часпида, доманҳ ои кўтоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард.

Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрўз маъмул шудааст, ба либоси миллии мо робита надошт. Сатри сиёҳ бошад ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрўз шахсоне ҳастанд, ки бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, бо мондани ришҳои бетартиб аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтироми нисбат ба миллат аст.

Вобаста ба ин таъкид намудан ба маврид аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз тамоми мардуми кишвар дар мавриди аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти номатлуби аср, воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳ анги миллии тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мо узви ҷомеро вазифадор менамояд, ки дар ин ҷода ҳаммаром, якҷоя ва дар атрофи барномаву ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид бошед, аҳли ҷомеаро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳ мӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуда, дар амри решакан намудани зуҳуротҳ ои номатлуб саҳми назарраси хешро гузорем.

Мудири шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳия И. Шоаҳмедов